Вебинар бо забони тоҷикӣ “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ”

15 феврали cоли 2017 вебинар дар мавзӯи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ” баргузор хоҳад гашт.

15 феврали cоли 2017 вебинар дар мавзӯи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ” баргузор хоҳад гашт. Вебинар бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, иштирок дар он ройгон аст.

Вебинари мазкур ба журналистони расонаҳои мустақилу давлатии чопӣ ва электронии Тоҷикистон оид ба моҳияту аҳамияти усули худтанзимкунӣ дар ВАО ва нақши “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ” дар он маълумот медиҳад. Дар вебинар мавзӯъҳои зайл мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

-  Усули худтанзимкунии ВАО чист?

-  Худтанзимкуниро чаро усули журналистикаи демократӣ меҳисобем?

- Омилҳои ҷорӣ шудани усули худтанзимкунӣ кадомҳоянд?

- Оё ВАО-и Тоҷикистон ба худтанзимкунӣ эҳтиёҷ дорад?

- Худтанзимкунӣ дар ВАО-и Тоҷикистон чаро бо кундӣ ҷорӣ мешавад?

- Ҷорӣ шудани усули худтанзимкунӣ ба ВАО чӣ медиҳад?

- Риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ барои журналист чаро лозим аст?

- “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” чӣ санадест?

- “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” дар ҷорӣ шудани усули худтанзимкунӣ чӣ нақш метавонад бозад?

- Вазъи риояи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”- ро кӣ ва чӣ гуна назорат мекунад?

- Мушкилӣ ва дурнамои риояи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”...

ва монанди инҳо.

   

Вебинарро раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист” Қироншоҳ Шарифзода мегузаронад.

Қироншоҳ Шарифзода собиқаи беш аз 35-солаи кор дар идораҳои нашрияҳои даврӣ дошта, ҳамзамон аз охирҳои солҳои 90-ум дар соҳаи журналистика аз фаъолону коршиносони ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.

Ӯ ба ҳайси рўзноманигор ва  намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия ва таҳрири Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” (с.1990) ва Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” (с.2013) ширкат дошта, муаллифи силсилаи мақолаҳо доир ба проблемаҳои озодии баён ва матбуот мебошад. Дар факултети журналистикаи ДМТ ба шогирдон аз фанҳои “Асосҳои журналистика”, “Асосҳои ҳуқуқии журналистика”, “Журналистика ва демократия” дарс мегуяд.

Қироншоҳ Шарифзода солҳои 2013-2014 сарварии Шӯрои ВАО-и ҶТ-ро низ ба дӯш дошт.