30 марти c. 2016 соати 16.00 (бо вақти Душанбе) вебинар дар мавзӯи \"Созмонҳои ғайридавлатии маҳалливу байналхалқӣ ҳамчун сарчашмаи мавзӯҳои нав ва даромади иловагӣ барои журналистон\" баргузор хоҳад гашт. Вебинар бо забонӣ тоҷикӣ сурат гирифта, иштирок дар он ройгон аст.
Вебинари мазкур ба журналистони расонаҳои мустақилу давлатии чопиву электронии Тоҷикистон оиди имконоти мавҷудаи ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятии маҳалливу байналхалқӣ маълумот медиҳад. Мавзӯҳои зерин ин вебинар матраҳ хоҳанд гашт:
- Кадом созмонҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ имкон доранд бо журналистон ҳамкорӣ намоянд?
- Аз куҷо оиди фаъолияти СҶ ва СБ метавон маълумот гирифт?
- Ҳамкории журналистон бо СҶ ва СБ чи гуна метавонад оғоз гардад?
- Шаклҳои ҳамкории журналистону СҶ ва СБ:
o Нашри хабару гузоришҳо оиди фаъолияти СҶ ваСБ
o Иштирок дар семинару машваратҳо
o Иштирок дар сафарҳои омӯзишӣ
o Мақолаҳои фармоишӣ
o Иштирок дар конкурсҳо
o Таҳийаи брошюраву китобчаҳо
o Таҳрир ва тарҷумаи матнҳо, ҳисоботҳо, брошюраву китобҳо...
o Нашри бюллетену газетаҳои соҳавӣ
o Таҳқиқотҳои журналистӣ якҷоя бо намояндагони СҶ
o Грантҳо барои иштирокчиёни барномаҳои СБ
o Ва ғайра...
Вебинарро директори Намояндагии созмони байналхалқии бритонии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар Тоҷикистон Абдумалик Қодиров мегузаронад. Абдумалик фаъолияти худро дар сектори ҷамъиятӣ ба ҳайси ихтиёрӣ (волонтер) дар созмони ҷамъиятии “Фидокор” сар карда, сипас дар созмонҳои байналхалқӣ ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст ва аз ин рӯ нозукиҳои фаъолияти онҳоро хеле хуб медонад. Тарҷумони ҳирфаӣ аз забони англисӣ ба забонҳои тоҷикиву русӣ мебошад.