Описание
30 июни cоли 2017 соати 15.00 (бо вақти Душанбе) вебинар дар мавзӯи “Таҳқиру тӯҳмат аз назари қонун” баргузор хоҳад гашт. Вебинар бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, иштирок дар он ройгон аст.
30 июни cоли вебинар дар мавзӯи “Таҳқиру тӯҳмат аз назари қонун” баргузор хоҳад гашт. Вебинар бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, иштирок дар он ройгон аст.
Вебинари мазкур ба журналистони расонаҳои мустақилу давлатии чопӣ ва электронии Тоҷикистон оид ба таҳқиру тӯҳмат аз нигоҳи қонун маълумот дода, мавзӯъҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор медиҳад:
- Мафҳуми асосӣ
- Ҳифзи шаъну шараф ҳангоми тӯҳмат ё таҳқир
- Неъматҳои ғайримоддӣ ва ҳимояи онҳо?
- Ҷуброни зиёни маънавӣ
- Андозаи ҷуброни зарари маънавӣ
- Маслиҳати ҳуқуқшинос пеш аз баромадани матлаб
- ва ғайра.
Вебинарро ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Ранжет Ятимов мегузаронад.
Ранжет Ятимов аз соли 2012 дар ташкилоти номбурда фаъолияти меҳнатӣ намуда, собиқаи беш аз 10-солаи кор дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва вакили мудофиа дорад.
Ӯ ба ҳайси ҳуқуқшинос ва намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Барномаи давлатии рушди телевизиони рақамӣ дар Точикистон барои солхои 2010-2015 ” ва Қонуни ҶТ “Оид ба телевизион ва радио” иштирок кардааст. Ранжет Ятимов муаллифи силсилаи мақолаҳо доир ба ғайриҷиноӣ кардани тӯҳмат ва таҳқир, бекор намудани ичозатнома барои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ, гузариш ба пахши рақамӣ ва дигар масоили мубрами соҳаи ВАО мебошад.
Расписание
Комментарии
0