Сохтан ва фаъол гардонидани сомона

Вебинар оид ба сохтани сомона ва ҷой додани он дар хостинг.
Мувофиқи меъёрҳои нав ташкилотҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки маълумот оиди фаъолияти солонаи худро дар шабакаи интернет ҷой диҳанд. Эҳтимол меравад, ки аз ташкилотҳои аз ин пас талаб карда мешавад, ки онҳо сомонаи алоҳида дошта бошанд. Аммо на ҳамаи ташкилотҳои ҷамъияти имконияти молиявии фармоиш додани сохтани сомонаро доранд.
Вебинари мазкур барои мусоидат ба ҳалли ин мушкилот равона гаштааст, ки аз иштирок дар он, шумо метавонед бо ҷараёни сохтани сомона шинос шавед ва сомонаи ташкилоти худро созед. Дар давоми вебинар шумо бо асосҳои сохтани сомона, ҷой додани он дар хостинг ва фаъол гардонидани он ошно гардед.
Барандаи вебинар, Рустам Гулов, мутахассис оид ба расонаҳои нав дар Internews дар Тоҷикистон, блоггер, муаллифи сомонаи аlifbo.com.