6 октябри cоли 2017 соати 15:00 (бо вақти Душанбе) вебинар дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар рушди журналистикаи шаҳрвандӣ” баргузор хоҳад гашт. Вебинар бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, иштирок дар он ройгон аст.
Дар вебинари мазкур оид ба зарурати журналистикаи шаҳрвандӣ ва нақши ҷавонон дар густариш ёфтани он маълумот пешниҳод мегардад. Дар ин вебинар Шумо аз таҷрибаи барномаҳое огоҳ мешавед, ки ба омӯзиши журналистика миёни ҷавонон тамаркурз мекунад. Дар ин вебинар аз дастовардҳои журналистони ҷавон низ сӯҳбат хоҳем кард.
Вебинарро мушовир оид ба масоили ВАО, тренер, журналист Фируз Баротов доир мекунад.
Фируз Баротов аз соли 1997 то ин ҷониб бо ҷавонон кор намуда, дар ин муддат барои ҷавонон, журналистони касбӣ ва намояндагони дигар соҳоти ҷомеъа оид ба ҳуқуқи инсон, малакаҳои сарварӣ, меъёрҳои касбии журналистика, радио журналистика, онлайн журналистика, журналистикаи чандрасонаӣ ва амсоли инҳо омӯзишҳо гузаронидааст.
Шурӯъ аз соли 2012 панҷ лоиҳаи омӯзиши журналистикаро барои ҷавонон роҳбарӣ намуда, бо беш аз 500 хонанда ва 100 омӯзгор ҳамкорӣ намудааст.
Аз соли 2002 то соли 2012 ба ҳайси радио журналист, муҳаррир ва видео журналист дар Радиои Озодӣ кор кардааст.